Чунки ҷамоли ҳусни ту асби шикор зин кунад

Чунки ҷамоли ҳусни ту асби шикор зин кунад,
Нест аҷаб, ки аз ҷунун сад чу маро чунин кунад!

Бол барорад ин дилам, чунки ғамат парак занад,
Бор Худо, ту ҳукм кун, то ба абад ҳамин кунад!

Чунки ситораи дилам бо маҳи ту қирон кунад,
Ваҳ, ки фалак чи лутфҳо аз ту бар ин замин кунад!

Бода ба дасти соқият гирди ҷаҳон ҳамеравад,
Охири кор, оқибат, ҷони маро гузин кунад!

Гарчи басе биёварад, дар дили банда сар кунад,
Ғайрати ту бисӯзадаш, гар нафасе ҷуз ин кунад!

Аз дили ҳамчу оҳанам деву парӣ ҳазар кунад,
Чун дили ҳамчу обро ишқи ту оҳанин кунад!

Ҷони чу тир рости ман дар кафи туст чун камон,
Чарх аз ин зи кини ман ҳар тарафе камин кунад!

Дидаи чарху чархиён нақш кунад нишони ман,
З-он ки маро ба ҳар нафас лутфи ту ҳамнишин кунад!

Саҷда кунам ба ҳар нафас аз пайи шукри он, ки Ҳақ
Дар Табрез мар маро бандаи Шамси дин кунад!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.