Дил чу бидид рӯйи ту, чун назараш ба ҷон бувад?!

Дил чу бидид рӯйи ту, чун назараш ба ҷон бувад?!
Ҷон зи лабат чу май кашад, хираву лабгазон бувад!

Тан биравад ба пеши дил, к-ин ҳамаро чӣ мекунӣ?!
Гӯяд дил, ки аз маҳе кай назарат ниҳон бувад?!

Ҷуз рухи дил назар макун, ҷуз суйи дил гузар макун,
З-он ки ба нури дил ҳама шуълаи он ҷаҳон бувад!

Шайхи шуюхи олам аст, он ки турост навмурид,
Он ки гирифт дасти ту, хосаки замон бувад!

Дил ба миён чу пири дин, ҳалқаи тан ба гирди ӯ,
Шод тане, ки пири дил шишта дар он миён бувад!

Рози дили ту, Шамси дин, дар Табрез бишнавад,
Дур зи гӯшу ҷони ӯ, к-аз суханат гарон бувад!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.