Ёр маро чу уштурон боз маҳор мекашад

Ёр маро чу уштурон боз маҳор мекашад,
Уштури маст хешро дар чи қатор мекашад?!

Ҷону танам бихаст ӯ, шишаи ман шикаст ӯ,
Гардани ман бибаст ӯ, то ба чи кор мекашад?!

Шасти ваям чу моҳиён ҷониби хушк мебарад,
Доми дилам ба ҷониби мири шикор мекашад!

Он ки қатори абрро зери фалак чу уштурон
Соқии дашт мекунад, бар куҳу ғор мекашад!

Раъд ҳамезанад дуҳул, зинда шудаст ҷузву кул,
Дар дили шоху мағзи гул бӯйи баҳор мекашад!

Он ки замири донаро иллати мева мекунад,
Рози дили дарахтро бар сари дор мекашад!

Лутфи баҳор бишканад ранҷи хумори боғро,
Гарчи ҷафои дай кунун сӯйи хумор мекашад!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.