Зуҳраи ишқ ҳар саҳар бар дари мо чи мекунад?!

Зуҳраи ишқ ҳар саҳар бар дари мо чи мекунад?!
Душмани ҷони сад қамар бар дари мо чи мекунад?!

Ҳар ки бидид аз ӯ назар, бохабар асту бехабар,
Ӯ малак аст ё башар, бар дари мо чи мекунад?!

Зери чаҳон забар шуда, об маро зи сар шуда,
Санг аз ӯ гуҳар шуда, бар дари мо чи мекунад?!

Ай бути шан, пардайӣ, гар ту на фитна кардайӣ,
Ҳар нафасе чунин ҳашар бар дари мо чи мекунад?!

Гарна ки рӯзи равшанӣ, пеша гирифта раҳзанӣ,
Рӯз ба рӯз раҳгузар бар дари мо чи мекунад?!

Варна ки дӯш маст ӯ омаду дар шикаст ӯ,
Пас ба нишона ин камар бар дари мо чи мекунад?!

Гар на ҷамоли ҳусни ӯ гард барорад аз адам,
Ин ҳама гарди шӯру шар бар дари мо чи мекунад?!

Аз Табрез Шамси дин сӯйи кӣ рой мекунад,
Баҳри чӣ мавҷ зад гуҳар, бар дари мо чи мекунад?!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.