Варои пардаи ҷонат, дило, халқон пинҳонанд

Варои пардаи ҷонат, дило, халқон пинҳонанд,
Зи захми теғи фардият ҳама ҷонанду беҷонанд!

Ту аз нуқсону аз бешӣ бигӯйӣ, чанд андешӣ?
Даро дар дини бехешӣ, ки бас бехеш хешонанд!

Чӣ дарёҳо, ки менӯшанд, чу дарёҳо ҳамеҷӯшанд,
Агарчи худ ки хомӯшанд, доноанду медонанд!

Дар он дарёи пурмарҷон яке қавманд ҳамчун ҷон,
Варои гунбади гардон Буроқи ҷон ҳамеронанд.

Аё дарвеши ботамкин, сабукдил гард зутар, ҳин,
Миёни базми мардон шин, ки эшон ҷумла риндонанд!

Мулуконанд дарвешон, зи мастӣ ҷумла бехешон,
Агарчи хокиянд эшон, валекин шоҳу султонанд!

Зи ганҷи ишқ заррезанд, ғуломи Шамси Табрезанд,
Ва кони лаълу ёқутанду дар кон ҷони арконанд!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.