Аё сар карда аз ҷонам, туро хона куҷо бошад?!

Аё сар карда аз ҷонам, туро хона куҷо бошад?!
Ало, ай моҳи тобонам, туро хона куҷо бошад?!

Ало ай қодири қоҳир, зи тан пинҳон, ба дил зоҳир,
Зиҳӣ пайдои пинҳонам, туро хона куҷо бошад?!

Ту гӯйӣ, хонаи хоқон бувад дилҳои муштоқон,
Маро дил нест, ай ҷонам, туро хона куҷо бошад?!

Бувад маҳ сояро доя, ба маҳ чун мерасад соя?!
Бигӯ, ай маҳ, намедонам, туро хона куҷо бошад?!

Нишони моҳ медидам, ба сад хона бигардидам,
Аз ин тафтиш бирҳонам, туро хона куҷо бошад?!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.