Дили ман чун садаф бошад, хаёли дӯст дур пошад

Дили ман чун садаф бошад, хаёли дӯст дур пошад,
Кунун ман ҳам намегунҷам, к-аз ӯ ин хона пур бошад!

Зи шириний ҳадисаш шаб шикофидаст ҷонро лаб,
Аҷаб дорам, ки мегӯяд: "Ҳадиси Ҳаққ мур бошад!".

Ғизоҳо аз бурун ояд, ғизои ошиқ аз ботин,
Барорад аз худу хояд, ки ошиқ чун шутур бошад!

Сабукрав ҳамчу парён шав, зи ҷисми хеш урён шав,
Мусаллам нест урёнӣ мар-он касро, ки ур бошад!

Салоҳуддин ба сайд омад, ҳама шерон бувад сайдаш,
Ғуломи ӯ касе бошад, ки аз ду кавн ҳур¹ бошад!


¹ Озод.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.