Сар аз баҳри ҳавас бояд, чу холӣ гашт, сар чи бвад?!

Сар аз баҳри ҳавас бояд, чу холӣ гашт, сар чи бвад?!
Чу ҷон баҳри назар бошад, равони беназар чи бвад?!

Назар дар рӯйи шаҳ бояд, чу он набвад, чиро шояд?!
Сафар аз хештан бояд, чу бо хешӣ сафар чи бвад?!

Маро пурсид сафройӣ, ки гар мардӣ шакархойӣ,
Камар бандам чу най пешат, агар гӯйӣ: "Шакар чи бвад?!"

Бигуфтам биҳтарин чизӣ, валекин пеши ғайри ту,
Ки ту, аблаҳ, шакар биниву гӯйӣ: "З-ин батар чи бвад?!"

Азеро асли ҷисми ту зи заҳри қотил афтодаст,
Сақар будаст асли ту, надонад, ҷуз сақар чи бвад?!

Ҷаҳону ақли куллиро зи ақли ҷузв чун бинӣ,
Дар он дарёи хуношом ақли мухтасар чи бвад?!

Ду-се сатр аст, ки мехонӣ, зи сар то пову по то сар,
Дигар коре надорӣ ту, вагарна пову сар чи бвад?!

Чу кӯр афтод чашми дил, чу гӯш аз сиқл шуд пургил,
Ба ғайри хонаи васвос ҷойи кӯру кар чи бвад?!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.