Имрӯз ҷамоли ту бар дида муборак бод

Имрӯз ҷамоли ту бар дида муборак бод,
Бар мо ҳаваси тоза печида, муборак бод!

Гулҳо чу миён бандад, бар ҷумла ҷаҳон хандад,
Ай бар гулу сад чун гул хандида, муборак бод!

Хубон чу рухат дида, афтодаву лағзида,
Дил бар дари ин хона лағзида, муборак бод!

Наврӯзи рухат дидам, хуш ашк биборидам,
Наврӯзу чунин борон борида, муборак бод!

Бе гуфти забони ту, бе ҳарфу баёни ту,
Аз ботини ту гӯшат бишнида, муборак бод!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.