Ай хуфта шаби тира, ҳангоми дуъо омад

Ай хуфта шаби тира, ҳангоми дуъо омад,
В-ай нафси ҷафопеша, ҳангоми вафо омад!

Бингар ба суйи равзан, бикшой дари тавба,
Пардохта кун хона, ҳин, навбати мо омад!

Аз ҷурму ҷафоҷӯйӣ чун даст намешӯйӣ,
Бар рӯй бизан обе, миқоти сало омад!

З-ин қибла ба ёд орӣ, чун рӯ ба лаҳад орӣ,
Судат накунад ҳасрат, он гаҳ ки қазо омад!

З-ин қибла биҷӯ нуре, то шамъи лаҳад бошад,
Он нур шавад гулшан, чун нури Худо омад!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.