Хоб аз пайи он омад, то ақли ту бистонад,

Хоб аз пайи он омад, то ақли ту бистонад,
Девона куҷо хусбад, девона чӣ шаб донад?!

Не рӯз бувад, не шаб дар мазҳаби девона,
Он чиз, ки ӯ дорад, ӯ донаду ӯ донад!

Аз гардиши гардун шуд рӯзу шаби ин олам,
Девонаи он ҷоро гардун бинагардонад!

Гар чашми сараш хусбад, бе сар ҳама чашм аст ӯ,
К-аз дидаи ҷони худ лавҳи азалӣ хонад!

Девонагӣ ар хоҳӣ, чун мурғ шаву моҳӣ,
Бо хоб чу ҳамроҳӣ, он бо ту куҷо бошад?!

Шабрав шаву айёре дар ишқи чунон ёре,
То боз шавад коре з-он турра, ки бифшонад!

Девона дигар сон аст, ӯ ҳомилаи ҷон аст,
Чашмаш чу ба ҷонон аст, ҳамлаш на бад-ӯ монад!

З-ин шарҳ агар хоҳӣ аз Шамси Ҳақу шоҳӣ,
Табрез ҳама олам з-ӯ нури нав афшонад!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.