Он субҳи саодатҳо чун нурфишон ояд

Он субҳи саодатҳо чун нурфишон ояд,
Он гоҳ хурӯши ҷон дар бонгу фиғон ояд!

Хур нур дурахшонад, пас нур барафшонад,
Тан гард чу биншонад, ҷонон бари ҷон ояд!

Мискиндили овора, он гумшуда якбора,
Чун бишнавад ин чора, хуш рақскунон ояд!

Ҷони бақадамрафта, дар катми адамрафта,
Бо қадди бахамрафта дар ҳин ба миён ояд!

Дил Марями обистан, як шева кунад бо ман,
Исии дурӯзай тан дар гуфти забон ояд!

Дил нури ҷаҳон бошад, ҷон дар ламаъон бошад,
Ин рақскунон бошад, он дастзанон ояд!

Шамсулҳақи Табрезӣ, ҳар ҷо, ки кунӣ мақдам,
Он ҷову макон дар дам бе ҷову макон бошад!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.