Ошиқ ба суйи ошиқ занҷир ҳамедаррад

Ошиқ ба суйи ошиқ занҷир ҳамедаррад,
Девона ҳамегардад, тадбир ҳамедаррад!

Тақсир куҷо гунҷад дар гармраве ошиқ,
К-аз оташи ишқи ӯ тақсир ҳамедаррад!

То ҳоли ҷавон чӣ - бвад, к-он оташи беъиллат
Дурроъаи¹ тақворо бар пир ҳамедаррад!

Сад пардаи дар парда гар бошад дар чашме,
Абрӯйи камоншаклаш аз тир ҳамедаррад!

Мурғи дили ҳар ошиқ, к-аз байза бурун ояд,
Аз чангали таъҷилаш таъхир ҳамедаррад!

Ин олам чун қир аст - пойи ҳама бигрифта,
Чун оташи ишқ ояд, ин қир ҳамедаррад!

Шамсулҳақи Табрезӣ ҳам хусраву ҳам мир аст,
Пероҳани ҳар сабре з - он мир ҳамедаррад!


¹ Чакмани сӯриену дарвешон.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.