Гар деву парӣ ҳорис бо теғу сипар бошад

Гар деву парӣ ҳорис бо теғу сипар бошад,
Чун ҳукми Худо ояд, он зеру забар бошад.

Бар ҳарчи умедастат, кай гирад ӯ дастат?!
Бар шакли асо ояд в-он мори дусар бошад!

В-он ғусса, ки мегӯйӣ: "Он чора накардам дӣ!",
Ҳар чора, ки пиндорӣ, он низ ғурар¹ бошад.

Худ карда шумар онро, чӣ хезад аз он савдо,
Андар пайи сад чун он сад доми дигар бошад!

Он чора ҳамекардам, он мот намеомад,
Он чораи лангатро охир чӣ асар бошад?!

Аз мот ту қуте кун, ёқут шав ӯро ту,
То ӯ ту шавӣ, ту ӯ, ин ҳисну мафар бошад!


¹ Аломати нек, фоли накӯ.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.