Навмед машав, ҷоно, к-уммед падид омад

Навмед машав, ҷоно, к-уммед падид омад,
Уммеди ҳама ҷонҳо аз ғайб расид, омад!

Навмед машав, гарчи Марям бишуд аз дастат,
К-он нур, ки Исоро бар чарх кашид, омад!

Навмед машав, ай ҷон, дар зулмати ин зиндон,
К-он шоҳ, ки Юсуфро аз ҳабс харид, омад!

Яъқуб бурун омад аз пардаи мастурӣ,
Юсуф, ки Зулайхоро парда бидарид, омад!

Ай шаббасаҳарбурда, дар ё рабу ё раб ту,
Он ёрабу ёрабро раҳмат бишунид, омад!

Ай дарди куҳангашта, бах-бах, ки шифо омад,
Вай қуфли фурӯбаста бикшо, ки калид омад!

Ай рӯзагирифта ту аз мойидаи боло,
Рӯза бикушо хуш-хуш, к-он ғурраи ид омад!

Хомуш куну хомуш кун, зеро ки зи амри кун
Он сактаи ҳайронӣ бар гуфт мазид¹ омад!


¹ Зиёдагӯйӣ, беҳудагӯйӣ.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.