Дар ҳалқаи ошиқон баногаҳ хабар афтод

Дар ҳалқаи ошиқон баногаҳ хабар афтод,
К-аз бахт яке моҳрухе хуб дарафтод!

Чашму дили ушшоқ чунон пур шуд аз он ҳусн,
То қиссаи хубон, ки баноманд, барафтод!

Бас чашмаи ҳайвон, ки аз он ҳусн биҷӯшид,
Бас бода, к-аз он нодира дар чашму сар афтод!

Маҳ бо сипару теғ шабе ҳамлаи ӯ дид,
Бифканд сипарро сабуку бар сипар афтод!

Мо бандаи он шаб, ки ба лашкаргаҳи васлаш
Дар ғорати шукри ҳама моро ҳашар афтод!

Хунбаки ҳиҷрон ба ҳазимат алам андохт,
Бар лашкари ҳиҷрон дили моро зафар афтод!

Гуфтанд: "Зи Шамсулҳақи Табрез чӣ дидед?",
Гуфтем, к-аз он нур ба мо ин назар афтод!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.