Дар кӯйи харобот маро ишқ кашон кард

Дар кӯйи харобот маро ишқ кашон кард,
Он дилбари айёр маро дид, нишон кард!

Ман дар пайи он дилбари айёр бирафтам,
Ӯ рӯйи худ он лаҳза зи ман боз ниҳон кард!

Ман дар аҷаб афтодам аз он қутби ягона,
К-аз як назараш ҷумла вуҷудам ҳама ҷон кард!

Ногоҳ як оҳу ба дусад ранг аён шуд,
К-аз тобиши ҳуснаш маҳу хуршед фиғон кард!

Он оҳуйи хушноф ба Табрез равон гашт,
Бағдоди ҷаҳонро ба басират Ҳамадон кард!

Он кас, ки варо кард ба тақлид суҷуде,
Фархундаву бигзидаву маҳбуби ҷаҳон кард!

Онҳо, ки бигуфтанд, ки мо комилу фардем,
Саргаштаву савдойиву расвои ҷаҳон кард!

Султони арафнок будаш маҳрами асрор,
То сирри таҷаллии азал ҷумла баён кард!

Шамсулҳақи Табрез чу бикшод пари ишқ,
Ҷабрили аминро зи пайи хеш давон кард!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.