Ҳар нукта, ки аз заҳри аҷал талхтар ояд

Ҳар нукта, ки аз заҳри аҷал талхтар ояд,
Онро чу бигӯяд лаби ту, чун шакар ояд!

Дар чоҳи занахдони ту ҳар ҷо, ки ватан сохт,
Зуд аз расани зулфи ту бар чарх барояд!

Ҳин, тӯша диҳ аз хӯшаи абрӯйи зарифат,
З-он пеш, ки ҷонро зи ту вақти сафар ояд!

Аз даъвати овози хушат бӯйи дил ояд,
Лаббайк занам, нафҳаи хуни ҷигар ояд!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.