Бигӯям хуфя, то хоҷа наранҷад

Бигӯям хуфя, то хоҷа наранҷад,
Ки он дилбар ҳаме дар бар нагунҷад!

Зи мастӣ ман тарозуро шикастам,
Тарозу кони гавҳарро насанҷад!

Бутонро ҷумла з-ӯ бидрид сарбанд,
Ки модагург бо Юсуф нағанҷад!

Ҳам аз ҷумлай сияҳрӯйист он низ,
Ки пеши румие занҷӣ бизанҷад!

Қурозай кист пеши Шамси Табрез,
Ки ганҷи зар биёрад ё биганҷад?!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.