Саг арчи бе фиғону мар набошад

Саг арчи бе фиғону мар набошад,
Саги мо чун саги дигар набошад!

Шунав аз Мустафо, к-ӯ гуфт: "Девам
Мусалмон шуд, дигар кофар набошад!"

Саги асҳоби Каҳфу нафси покон!
Агар бар дар бувад, бар дар набошад!

Саги асҳобро хӯйи сагӣ нест,
Гар ин сар саг намуд, он сар набошад!

Ки Мӯсоро дарахт он шаб чун ахтар
Намуд озоду лек озар набошад!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.