Нигоро, мурдагон аз ҷон чи донанд

Нигоро, мурдагон аз ҷон чи донанд,
Калоғон қадри тобистон чи донанд?!

Бари бегонагон то чанд бошӣ?!
Биё, ҷон, қадри ту эшон чи донанд?!

Бипӯшон қадди хубатро зи эшон,
Ки кӯрон сарв дар бӯстон чи донанд!

Хиромон ҷониби майдони хеш о,
Мабош он ҷо, харон майдон чи донанд!

Бизан чавгони худро бар дари мо,
Ки хомон лутфи он чавгон чи донанд!

Биҳил вайрона бар ҷуғдони мункир,
Ки ҷуғдон шаҳри ободон чи донанд!

Чӣ донанд мулки дилро танпарастон,
Гадоён табъи султонон чи донанд?!

Яке муште аз ин бедасту бепо
Ҳадиси Рустами Дастон чи донанд?!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.