Дил бо дили дӯст дар ҳанин56 бошад

Дил бо дили дӯст дар ҳанин¹ бошад,
Гӯёи хамӯш ҳамчунин бошад!

Гӯям сухану забон наҷунбонам,
Чун гӯши ҳасуд дар камин бошад!

Донам, ки забону гӯш ғаммозанд,
Бо дил гӯям, ки дил амин бошад!

Сад шуълаи оташ аст дар дида
Аз нуктаи дил, ки оташин бошад!

Худ турфатар ин, ки дар дили оташ
Чандин гулу сарву ёсамин бошад!

З-он оташ боғ сабзтар гардад,
То оташу об ҳамнишин бошад!

Ай рӯҳ, муқими марғзорӣ ту,
К-он ҷо дилу ақл доначин бошад!

Он сӯй, ки куфру дин намегунҷад,
Кай мову мани фалон дин бошад?!


¹ Нолаву зорӣ.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.