Ин қофила бори мо надорад

Ин қофила бори мо надорад,
Аз оташи ёри мо надорад!

Ҳарчанд дарахтҳои сабзанд,
Бӯе зи баҳори мо надорад!

Ҷони ту чу гулшан аст, лекин
Дил хаста ба хори мо надорад!

Баҳрест дили ту дар ҳақойиқ,
К-ӯ ҷӯшу канори мо надорад!

Ҳарчанд, ки кӯҳ барқарор аст,
Валлаҳ, ки қарори мо надорад!

Ҷоне, ки ба ҳар сабӯҳ маст аст,
Бӯе зи хумори мо надорад!

Он мутриби осмон, ки Зуҳра-ст,
Ҳам тоқати кори мо надорад!

Аз шери Худой пурс моро,
Ҳар шер қафори¹ мо надорад!

Манмой ту нақд, Шамси Табрез
Онро, ки иёри мо надорад!


¹ Биёбон, паҳно, муҳит.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.