Сармаст даромад аз харобот

Сармаст даромад аз харобот,
Бо ақли хароб дар муноҷот.

Бар хок фиканда хирқаи зуҳд,
В-оташ зада бар либоси томот¹.

Дилбурдаи шамъи маҷлиси ӯ
Парвона ба шодию саодот.

Ҷон дар раҳи ӯ ба аҷз мегуфт,
К-эй молики арсаи каромот!

Аз хуни пиёдае чӣ хезад,
Эй бар рухи ту ҳазор шаҳ мот?

Ҳаққову ба ҷонат, ар тавон кард
Бо ту ба ҳазор ҷон мулоқот.

Гар чашми дилам ба сабр будӣ,
Ҷуз ишқ надидаме муҳиммот.

То боқии умр бар чӣ ояд,
Бар бод шуд, он чи рафт, ҳайҳот!

Софӣ чу бишуд ба даври Саъдӣ,
З-ин пас ману дурдии харобот.


¹ Иддиоҳои дур аз одати маъмулӣ.