Саъдии Шерозӣ

Боби аввал » Дар сирати подшоҳон » Ҳикояти 27

Яке дар санъати куштӣ гирифтан саромад буд, сесаду шаст банди фунун бидонистӣ ва ҳар рӯз ба навъе аз он куштӣ гирифтӣ, магар гушаи хотираш бо ҷамоли яке аз шогирдон майле дошт, сесаду панҷоҳу нуҳ, бандаш даромӯхт магар як банд, ки дар таълими он дафъ андохтӣ ва таъхир кардӣ. Филҷумла, писар дар қуввату санъат cap омад ва касеро бо ӯ имкони муқовимат набуд, то ба ҳадде ки пеши малики он рӯзгор гуфта буд: «Устодро фазилате, ки бар ман аст, аз рӯи бузургист ва ҳаққи тарбият, вагарна ба қувват аз ӯ камтар нестам ва ба санъат бо ӯ баробар».

Маликро ин тарки адаб нописанд омад, фармуд, то мусораат кунанд. Мақоме муттасеъ тартиб карданд ва аркони давлату аъёни ҳазрат ва зӯроварони рӯи замин ҳозир шуданд.

Писари ҷавон чун пили маст андаромад ба салобате, ки агар кухи оҳанин будӣ, аз ҷой баркандӣ. Устод донист, ки ҷавон ба қувват аз ӯ бартар аст. Бад-он банди ғариб, ки аз вай ниҳон дошта буд, бо ӯ даровехт. Писар дафъи он надонист. Устод ба ду даст аз заминаш болои cap бурду фурӯ кӯфт. Ғирев аз халқ бархост.

Малик фармуд, то устодро хилъату неъмат доданд ва писарро заҷру маломат кард, ки бо парварандаи хеш даъвои муқовимат кардӣ ва ба cap набурдӣ.

Гуфт:

- Эй подшоҳи рӯи замин, ба зӯроварӣ бар ман даст наёфт, балки маро аз илми куштӣ дақиқае монда ва аз ман дареғ ҳамедошт. Имрӯз бад-он дақиқа бар ман ғолиб омад.

Устод гуфт:

- Бале аз баҳри чунин рӯзе, ки зиракон гуфтаанд:

Дӯстро чандон қувват мадеҳ, ки гар душманӣ кунад, тавонад. Нашунидаӣ, ки чӣ гуфт, он ки аз парвардаи хеш ҷафо дид?

Ё вафо худ набуд дар олам,
Ё магар кас дар ин замона накард.
Кас наёмӯхт илми тир аз ман,
Ки маро оқибат нишона накард.