Соқӣ, з-он май, ки мечариданд

Соқӣ, з-он май, ки мечариданд,
Бифзой, ки ёракон расиданд!

Миҳмон бифузуд, май бияфзо
З-он хунб, ки авлиё чашиданд!

З-он май, ки зи бӯ-ш ҷумла абдол
Дар халқ падиду нопадиданд!

Ай соқии хуб, шукри Аллоҳ,
К-он рӯйи накӯтро бидиданд!

Ай оташи рахтсӯз, ушшоқ
Дар ишқи ту рахтҳо кашиданд!

Ай пардафурӯкашида, бингар,
К-аз ишқ чӣ пардаҳо дариданд!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.