Ҳар сина, ки симбар надорад

Ҳар сина, ки симбар надорад,
Шахсе бошад, ки сар надорад!

В-он кас, ки зи доми ишқ дур аст,
Мурғе бошад, ки пар надорад!

Ӯро чӣ хабар бувад зи олам,
К-аз бохабарон хабар надорад!

Ӯ сайд шавад ба тири ғамза,
К-аз ишқ сари сипар надорад!

Онро, ки далер нест дар роҳ,
Худ пиндорӣ, ҷигар надорад!

Дар роҳ фикандааст дурре,
Ҷуз ӯ, ки фиканд, барнадорад!

Он кас, ки нагашт гирди он дар,
Бас бегуҳар асту фар надорад!

Вақти саҳар аст, ҳин, бихусбед,
Зеро шаби мо саҳар надорад!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.