Кас бо чу ту ёр роз гӯяд

Кас бо чу ту ёр роз гӯяд,
Ё қиссаи хеш бозгӯяд!

Оқил кардаст бо ту кӯтоҳ,
Лекин ошиқ дароз гӯяд!

Аз ишқи ту дар суҷуд афтад,
Савдои ту дар намоз гӯяд!

Аз ноз ҳама дурӯғ гӯйӣ,
Он-ч ин дилам аз ниёз гӯяд!

Ман ҳамчу Аёзаму ту Маҳмуд,
Бишнав сухане, к-Аёз гӯяд!

Пеши ту касе ҳадиси ман гуфт,
Гуфтӣ ту, ки ӯ маҷоз гӯяд!

Чун зар суханони ман шунидӣ,
Гуфтӣ: "Ба тариқи гоз гӯяд!".

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.