Аз дилбари мо нишон кӣ дорад?!

Аз дилбари мо нишон кӣ дорад?!
Дар хона маҳе ниҳон кӣ дорад?!

Бе дида ҷамоли ӯ кӣ бинад?!
Берун зи ҷаҳон ҷаҳон кӣ дорад?!

Он тир, ки ҷон шикори он аст,
Бинмой, ки он камон кӣ дорад?!

Дар ҳар тарафе яке нигорест,
Сӯфӣ, ту нигар, ки он кӣ дорад?!

Ин сурати халқ ҷумла нақшанд,
Ҳам ҷон донад, ки ҷон кӣ дорад!

Ин ҷумла гадову хӯшачинанд,
Он дасти гуҳарфишон кӣ дорад?!

Қаллоб шуданд ҷумла олам,
Охир хабаре зи кон кӣ дорад?!

Шод аст замон ба Шамси Табрез,
Охир, бинигар, замон кӣ дорад?!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.