Умедвор чунонам, ки кори баста барояд

Умедвор чунонам, ки кори баста барояд,
Висол чун ба сар омад, фироқ ҳам ба сар ояд.

Ман аз ту сер нагардам, в-агар туруш кунӣ абрӯ,
Ҷавоби талх зи ширин муқобили шакар ояд.

Ба рағми душманам, эй дӯст, сояе ба сар овар,
Ки муши кӯр нахоҳад, ки офтоб барояд.

Гулам зи даст ба дар бурд рӯзгори мухолиф,
Умед ҳаст, ки хорам зи пой ҳам бадар ояд.

Гарам ҳаёт бимонад, намонад ин ғаму ҳасрат,
В-агар намирад булбул, дарахти гул ба бар ояд.

Зи баски дар назар омад хаёли рӯи ту моро,
Чунон шудам, ки ба ҷаҳдам хаёл дар назар ояд.

Ҳазор қуръа ба номат задему бознагаштем,
Надонам ояти раҳмат ба толиъи кӣ барояд.

Зарурат аст, ки рӯзе ба кӯҳ рафта зи дастат
Чунон бигиряд Саъдӣ, ки об то камар ояд.