Чу саҳаргоҳ зи гулшан маҳи айёр баромад

Чу саҳаргоҳ зи гулшан маҳи айёр баромад,
Чи басе наъраи мастон, ки зи гулзор баромад!

Зи рухи моҳхисолаш, зи латифии висолаш
Ҳамаро бахт фузун шуд, ҳамаро кор баромад!

Зи дусад равзаи ризвон, зи дусад чашмаи ҳайвон
Ду ҳазорон гули хандон зи дили хор баромад!

Ғами чун дузд, ки дар дил ҳама шаб дорад манзил,
Ба кафи шаҳнаи васлаш ба сари дор баромад!

Зи паси зулм расида, ҳама уммед бурида,
Масали давлати тобон дили бедор баромад!

Тану ҷон аз паси пире зи висолаш чу ҷавон шуд,
Ҳамаро баъди касодӣ чӣ харидор баромад?!

Чу Салоҳи дилу динро ҳама дидед, бигӯед,
Ки чи хуршеди аҷойиб, ки зи асрор баромад!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.