Машав, ай дил, ту дигаргун, ки дили ёр бидонад

Машав, ай дил, ту дигаргун, ки дили ёр бидонад,
Макун асрори ниҳонӣ, ки вай асрор бидонад!

Ҳамаро аз ту чу хошок бар он об биронанд,
Ки ҳама шеваи майро дили хаммор бидонад!

Кафи ӯ хор нишонад, кафи ӯ гул шукуфонад,
Ҳама гулҳои ниҳонӣ зи дили хор бидонад!

Ту ба ҳар рӯз яке чиз батадриҷ бидонӣ,
Ту бирав, чокари ӯ шав, ки ба як бор бидонад!

Чу асирӣ ба гаҳи ҳукм ба иқрору гувоҳе,
Тани сӯфӣ ба гувоҳийи дил иқрор бидонад!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.