Ид бигзашту ҳама халқ суйи кор шуданд

Ид бигзашту ҳама халқ суйи кор шуданд,
Ҳама аз наргиси махмури ту хаммор шуданд!

Дасту пошон ту шикастӣ, чу на по монду на даст,
Пар кушоданду ҳама Ҷаъфари Тайёр шуданд!

Аҳли динор куҷо, уммати дидор куҷо?!
Гарчи динор бишуд, лойиқи дидор шуданд!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.