Хунбҳои лоязолӣ ҷӯш бод

Хунбҳои лоязолӣ ҷӯш бод,
Боданӯшони азалро нӯш бод!

Тезчашмони сафоро то абад
Ҳалқаҳои ишқи ту дар гӯш бод!

Дӯш гуфтам соқияшро: "Ҳуш дор!",
Соқияш гуфто маро: "Беҳуш бод!"

Ай Худо, аз соқиёни базми ғайб
Дар ду олам бонги нӯшонӯш бод!

Ақли кул, к-ӯ роз пӯшонад ҳаме,
Маст боду роз бе рӯпӯш бод!

Ҳар саҳар ҳамчун саҳаргаҳ беҳиҷоб
Офтоби ҳусн дар оғӯш бод!

Шамси Табрез, арчи пушташ сӯйи мост,
Сад ҳазорон офарин бар рӯш бод!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.