Мушаке сандуқро сӯрох кард

Мушаке сандуқро сӯрох кард,
Хоби гурба мушро густох кард!

Андар оташ афканем он мушро,
Ҳамчунон, к-он мардаки таббох кард!

Гурбарову мушро оташ занем
Дар танӯре, к-оташаш сад шох кард!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.