Ба кӯи лоларухон ҳар кӣ ишқбоз ояд

Ба кӯи лоларухон ҳар кӣ ишқбоз ояд,
Умед нест, ки дигар ба ақл боз ояд.

Кабутаре, ки дигар ошён нахоҳад дид,
Қазо ҳамебарадаш, то ба чанги боз ояд.

Надонам, абруи шӯхат чӣ гуна меҳробест,
Ки гар бибинад зиндиқ, дар намоз ояд.

Бузургвор мақомею некбахт касе,
Ки ҳар дам аз дари ӯ чун туе фароз ояд.

Туруш набошам, агар сад ҷавоби талх диҳӣ,
Ки аз даҳони ту ширину дилнавоз ояд.

Биёву гунаи зардам бибину нақш бихон,
Ки гар ҳадис кунам, қиссае дароз ояд.

Хурӯшам аз тафи¹ сина-сту нола аз сари дард,
На чун дигар суханон, к-аз сари маҷоз² ояд.

Ба ҷои хок қадам бар ду чашми Саъдӣ неҳ,
Ки ҳар кӣ чун ту гувоҳе бувад, ба ноз ояд.


¹ Ҳарорат, гармӣ.
² Муқобили ҳақиқат, ғайриҳақиқӣ.