Аз чашми пурхуморат, дилро қарор монад?!

Аз чашми пурхуморат, дилро қарор монад?!
В-аз рӯйи ҳамчу моҳат дар маҳ шумор монад?!

Чун мутриби ҳавоят чанги тараб навозад,
Мар Зуҳраи фалакро кай касбу кор монад?!

Яғмояки ҷамолат ҳар сӯ, ки лашкар орад,
Он сӯй шаҳр монад, он сӯ диёр монад?!

Гулзори ҷонфазоят бар боғи ҷон бихандад,
Гулҳо баъақл бошад, ё хор хор монад?!

Ҷосуси шоҳи ишқат чун дар диле дарояд,
Ҷуз ишқ ҳеч касро дар сина ёр монад?!

Ай шод он замоне, к-аз бахти ногаҳонӣ
Ҷонат канор гирад, тан барканор монад!

Чун з-ончунон нигоре дар сар фитад хуморе,
Дил тахту бахт ҷӯяд ё нангу ор монад?!

Мехоҳам аз Худо ман, то Шамси Ҳаққи Табрез
Дар ғори дил битобад, бо ёри ғор монад!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.