Ай он, ки пеши ҳуснат ҳуре қидам дарояд

Ай он, ки пеши ҳуснат ҳуре қидам дарояд,
Дар хонаи хаёлат шояд, ки ғам дарояд?!

Ай он, ки ҳар вуҷуде з-оғоз аз ту хезад,
Шояд, ки бо вуҷудат дар мо адам дарояд?!

Ай ғам, ту ҷамъ мешав, к-инак сипоҳи шодӣ
То Кайқубод шодон бо сад алам дарояд!

Ай дил, мабош ғамгин, к- инак зи шоҳи ширин
Он чанги пурнавойи холишикам дарояд!

Он соқии илоҳӣ ояд зи базми шоҳӣ
В-он мутриби маъонӣ акнун ба дам дарояд!

Ай ғам, чи хирарӯйӣ, охир маро нагӯйӣ,
Андар дарам дарафтӣ, чун ӯ дарам дарояд!

Охир шавам мусаллам аз оташи ту, ай ғам,
З-он кас, ки ҷонфазойӣ ӯро салам⁷¹ дарояд!


¹ Яқин, бешубҳа.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.