Баҳрам ба худ кашиду маро ошно75 бибурд

Баҳрам ба худ кашиду маро ошно¹ бибурд,
Як-як барад шуморо, он ки маро бибурд!

Онро, ки буд оҳан, оҳанрабо кашид,
В-онро, ки буд барги каҳе, каҳрабо бибурд!

Қоруни лангарӣ ба саро² гашт мунҷазиб,
Исои миҳтариро ҷазби само бибурд.

Ҳар ҳисси маънавиро дар ғайб даркашид,
Ҳар мисси асъадиро ҳам кимиё бибурд.

Аз ғорати фанову аҷал эман асту дур,
Он кас, ки рахти хеш суйи анбиё бибурд!

Он чашми некро нарасад ҳеч чашми бад,
К-ӯ шамъи ҳуснро зи мало дар хало бибурд!

Мо аз қазо ба қозии ҳоҷат гурехтем,
К-он ч-аз қазо расид, ба толиб қазо бибурд!

Инҳо гузашт, ай хунук он дил, ки ногаҳаш
Ҳусну ҷамоли он маҳи некӯлиқо бибурд!


¹ Шино, шинокунон.
² Хок, замин.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.