Хуфта намуд дилбар, гуфтам: Зи боғ зуд...

Хуфта намуд дилбар, гуфтам: "Зи боғ зуд
Шафтолуе бидуздам", ӯ худ нахуфта буд!

Хандиду гуфт: "Рӯбаҳ, охир, ба зиракӣ
Аз дасти шер сайд куҷо саҳл даррабуд?!".

Мар абрро кӣ дӯшаду он ҷо кӣ даррасад,
Илло магар, ки абр намояд ба хеш ҷуд!

Маъдумро¹ куҷост ба эҷод дасту по,
Фазли Худой бахшад маъдумро вуҷуд!

Маъдумвор биншин, зеро ки дар намоз
Доди салом набвад, илло, ки дар қуъуд!

Бар оташ об чира бувад аз фурӯтанӣ,
К-оташ қиём дораду об аст дар суҷуд!

Чун лаб хамӯш бошад, дил садзабон шавад,
Хомӯш, чанд бихоҳияш ту озмуд?


¹ Адамёфта, нобудшуда.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.