Сад мисри мамлакат зи таъаддӣ хароб шуд

Сад мисри мамлакат зи таъаддӣ¹ хароб шуд,
Сад баҳри салтанат зи татовул² сароб шуд.

Сад бурҷи ҳирсу бухл ба хандақ даруфтод,
Сад бахти нимхоб бакуллӣ ба хоб шуд.

Он шоҳроҳи ғайб бар он қавм баста буд
В-он моҳи занги зулм ба зери ҳиҷоб шуд.

В-он чашм, к-ӯ чу барқ ҳамесӯхт халқро,
Дар навҳа уфтоду ба гиря саҳоб шуд!

В-он дил, ки сад ҳазор дил аз вай кабоб буд,
Дар оташи Худой кунун ӯ кабоб шуд!

Ай шод он касе, ки аз ин ибрате гирифт,
Ӯро аз ин сиёсати шаҳ фатҳи боб шуд!

Чун рӯз гашту дид, ки ӯ шаб чи карда буд,
Судаш надошт, сахраи сад изтироб шуд!

Чун бахти рӯсапед шаб андар дуъо гузор,
Зеро дуъои Нӯҳ ба шаб мустаҷоб шуд!


¹ Зулму ситам.
² Ҷабру зӯроварӣ.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.