Субҳдаме ҳамчу субҳ пардаи зулмат дарид

Субҳдаме ҳамчу субҳ пардаи зулмат дарид,
Нимшабе ногаҳон субҳи қиёмат дамид.

Воситаҳоро бурид, дид ба худ хешро,
Он-ч забоне нагуфт, бе cару гӯше шунид!

Пӯст бидаррад зи завқ, ишқ чу пайдо шавад,
Лек куҷо завқи он, к-ӯ кунадат нопадид?

Фақр бибурда сабақ, рафта табақ бар табақ,
Боз кунад қуфлро фақри мубораккалид!

Куштаи шаҳват палид, куштаи ақл аст пок,
Фақр зада хаймае з-он суйи поку палид!

Ҷумла дили ошиқон ҳалқа зада гирди фақр,
Фақр чу шайхушшуюх, ҷумлаи дилҳо мурид!

Чунки ба Табрез чашм Шамси Ҳақамро бидид,
Гуфт Ҳақаш: "Пур шудӣ?" Гуфт, ки "ҳал, ман мазид!"

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.