Касе, ки ошиқи он равнақи чаман бошад

Касе, ки ошиқи он равнақи чаман бошад,
Аҷаб мадор, ки дар бедилӣ чу ман бошад!

Ҳадиси сабр магӯед, сабрро раҳ нест
Дар он диле, ки бад-он ёр мумтаҳан бошад!

Чу ишқ силсилаи хешро биҷунбонад,
Ҷунуни ақли Фалотуну Булҳасан бошад!

Ба ҷони ишқ, ки ҷоне зи ишқ ҷон набарад
В-агар дарунаи сад бурҷу сад бадан бошад!

Агар чу шер шавӣ, ишқ шергири қавист
В-агар чу пил шавӣ, ишқ каркадан бошад!

В-агар ба қаъри чаҳе дарравӣ барои гурез,
Чу далв гардан аз ӯ бастаи расан бошад.

В-агарчи мӯй шавӣ, мӯй мешикофад ишқ
В-агар кабоб шавӣ, ишқ бобзан бошад!

Амони олами ишқ асту маъдалат ҳам аз ӯст
В-агарчи роҳзани ақли марду зан бошад!

Хамӯш кун, ки суханро ватан Димишқи дил аст,
Магӯ ғариб варо, к-аш чунин ватан бошад!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.