Ҳабиб Каъбаи ҷон аст, агар намедонед

Ҳабиб Каъбаи ҷон аст, агар намедонед,
Ба ҳар тараф, ки бигардед, рӯ бигардонед!

Ки ҷон вай аст ба олам, агар шумо ҷисмед,
Ки ҷони ҷумлаи ҷонҳост, агар шумо ҷонед!

Нидо баромад имшаб, ки ҷони кист фидо?!
Биҷаст ҷони ман аз ҷо, ки нақд бистонед!

Ҳазор нукта набиштаст ишқ бар рӯям,
Зи ҳоли дил чу шумо ошиқед, бархонед!

Чи соғар аст, ки ҳар дам ба ошиқон ояд?!
Шумо кашед чунин соғаре, ки мардонед!

Ки ишқ боғу тамошост, агар малӯл шавед,
Ҳаво-ш маркаби тозист, агар фурӯ монед!

Чу обу нони ҳама моҳиён зи баҳр бувад,
Чу моҳиед, чаро ошиқи лаби нонед?!

Қаробаест¹ пур аз ранҷу номи ӯ ҷисм аст,
Ба санг-бар бизанеду тамом бирҳонед!

Чу мурғ дар қафасам баҳри Шамси Табрезӣ,
Зи душманӣ қафасам бишканеду бидронед!


¹ Шиша; суроҳӣ, зарфи об.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.