Маҳо, ба дил назаре кун, ки дил туро дорад

Маҳо, ба дил назаре кун, ки дил туро дорад,
Ки рӯзу шаб ба муроъотат иқтизо¹ дорад!

Зи шодиву зи фараҳ дар ҷаҳон намегунҷад,
Ки чун ту ёри дилороми хушлиқо дорад!

Ҳамерасад ба гиребони осмон дасташ,
Ки ӯ чу соя зи моҳи ту муқтадо² дорад!

Зи офтоби ту онро, ки пушт гарм шавад,
Чаро далер набошад, ҳазар чаро дорад?!

Чаро ба панҷа камаргоҳи кӯҳро накашад,
Касе, ки з-атласи ишқи хушат қабо дорад?!

Ту худ ҷафо накунӣ в-ар кунӣ ҷафо бар дил,
Бикун, бикун, ки ба кирдори ту ризо дорад!

Чаро набошад розӣ бад-он ҷафои латиф,
Ки ӯ таровати обу дами сабо дорад?!

Дар оташи ғами ту ҳамчу уд атторест
Дили шариф, ки ӯ доғи анбиё дорад!

Хамуш, хамуш, ки суханофарини маънибахш
Буруни гуфт суханҳои ҷонфазо дорад!


¹ Талаб, хоҳиш, дархост.
² Пешво, раҳнамо.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.