Ба боғ булбул аз ин пас навои мо гӯяд

Ба боғ булбул аз ин пас навои мо гӯяд,
Ҳадиси ишқи шакаррези ҷонфазо гӯяд.

Агар зи ранги рухи ёри мо хабар дорад,
Зи лолазору зи насрину гул чаро гӯяд?!

Зи роҳи ғайрат гӯяд, ки то бипӯшонад,
Раҳо кунад сари чашма, ҳадиси по гӯяд!

Ки пора-пора, батадриҷ, зарра куҳ гардад,
Фано шавад куҳ, агар тунду барвило¹ гӯяд!

Куҳе, ки зарра бувад пеши ӯ дусад куҳи Қоф,
Давон-давон шавад он дам, ки ӯ биё гӯяд.

Чу гӯши кӯҳ шунид он биёи фаррухи ӯ,
Ба сар биёяду лаббайкро дуто гӯяд!

Ба ҳаққи гулшани иқбол, к-андар ӯ мастӣ,
Чу гул Хамӯш, ки то булбулат сано гӯяд!


¹ Пайдарпай, барзиёд.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.