Сипос он адамеро, ки ҳасти мо бирабуд

Сипос он адамеро, ки ҳасти мо бирабуд,
Зи ишқи он адам омад ҷаҳони ҷон ба вуҷуд!

Ба ҳар куҷо адам ояд, вуҷуд кам гардад,
Зиҳӣ адам, ки чу омад, аз ӯ вуҷуд фузуд!

Ба солҳо бирабудам ман аз адам ҳастӣ,
Адам ба як назар он ҷумларо зи ман бирбуд!

Раҳад зи хешу зи пешу зи ҷони маргандеш,
Раҳад зи хавфу риҷову раҳад зи боду зи буд!

Куҳи вуҷуд чу коҳ аст пеши боди адам,
Кадом кӯҳ, ки ӯро адам чу каҳ нарабуд?!

Вуҷуд чисту адам чист, коҳу куҳ чӣ бувад?!
Шуҳ,¹ ай иборат аз дар бурун, зи бом фуруд.


¹ Калимаи нафрату кароҳат.

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.