Зи ҷони сӯхтаам халқро ҳизор кунед

Зи ҷони сӯхтаам халқро ҳизор кунед,
Ки, Аллаҳ-Аллаҳ, зи оташрухон фирор кунед!

Ки оташи рухашон хосият чунин дорад,
Ки ҳар қарор, ки доред, беқарор кунед!

Диле, ки коҳил гардад, нидо-ш меояд,
Ки зинда аст Сулаймони ишқ, кор кунед!

Мабош коҳил, к-ин қофила равона шудаст,
Зи қофила биамонеду зуд бор кунед!

Чаҳорпойи табойиъ накӯбад ин раҳро,
Ба тарки хоку ҳавоҳову обу нор кунед!

Ғанист чашми ман аз сурмаи сипоҳонӣ,
Зи хоки Табрез ӯро магар нисор кунед!

Бузургӣ аз шаҳи арвоҳи Шамси Табрезист,
Вуҷудҳо пайи ин кибриё сиғор кунед!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.