Хусравоне, ки фитнаи Чинед

Хусравоне, ки фитнаи Чинед,
Фитна бархост, ҳеҷ наншинед!

Ҳам шумо, ҳам шумо, ки зебоед,
Ҳам шумо, ҳам шумо, ки ширинед!

Ҳамчу анбар ҳамойилем ҳама
Бар бари симатон, ки мушкинед!

Нашавам шод, агар гумон дорам,
Ки гаҳе шоду гоҳ ғамгинед!

Дар сафойи майи ниҳон дидем,
Ки шумо чун кадуи рангинед!

Шоҳидони фано, шумо ҷумла
Бо лаби лаълу ҷони сангинед!

Балки бар асби завқу ширинӣ
То абад хуш нишаста дар зинед!

Табрезӣ шавед агар дар ишқ,
Бандаи Шамси миллату динед!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.