Зиндагониш садри олӣ бод

Зиндагониш садри олӣ бод,
Эзадаш посбону колӣ бод!

Ҳар чи нася-ст муқбилонро айш,
Пеши ӯ нақди вақту ҳолӣ бод!

Маҷлиси гарми пурҳаловати ӯ
Аз ҳарифи фасурда холӣ бод!

Ҷонҳо вокушода пар дар ғайб
Баста пешаш чу нақши қолӣ бод!

Бар ямину ясори ӯ давлат
Ҳам ҷанубиву ҳам шимолӣ бод!

Ду вилоят, ки ҷисму ҷон хонанд,
Бар сари ҳар ду шоҳу волӣ бод!

Бахти нақд аст Шамси Табрезӣ,
Ӯ басам, ғайри ӯ маъолӣ бод!

Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ. 800 ғазали дилошӯб. — Душанбе: «Адиб», 2007, 856 саҳ.